Раиси ҷадиди полиси Душанбе 47 ҳукми раиси қаблиро бекор кард
(last modified Thu, 28 Dec 2017 08:37:28 GMT )
Декабр 28, 2017 13:37 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷадиди полиси Душанбе 47 ҳукми раиси қаблиро бекор кард

Раиси тозамансубшудаи Идораи полиси шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон 47 ҳукми интисоби кадрии раиси қаблии ин идораро бекор кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, генерал Шариф Назарзода, раиси тозамансубшудаи Идораи полиси шаҳри Душанбе бо судури фармоне 47 ҳукми интисоби кадрҳо дар идороти полиси чаҳор ноҳияи пойтахти Тоҷикистонро, ки қаблан генерал Фарҳод Қунғуротзода, раиси пешини ин идора имзо карда буд, муғойир бо қонун эълом ва бекор кардааст.

Аз дидгоҳи раиси тозамансубшудаи полиси шаҳри Душанбе, раиси пешини ин идора ин ҳукмҳоро замоне имзо кардааст, ки ҳукми барканории худи ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон содир карда буд.

Ба ин тартиб, генерал Қунғуротзода бар асоси қонуни инзиботи идорӣ аз ҳаққи таъйини кормандони идороти чаҳор ноҳияи пойтахти ин кишвар ва идораи полиси шаҳри Душанбе бархурдор набуда аст.

Мудири умури идории полиси шаҳри Душанбе низ ба далели иҷро кардани фармони таъйини ғайриқонунии генерал Фарҳод Қунғуротзода аз симмати хеш барканор шудааст.

Рӯзи 12-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои ҳукмҳое генерал Фарҳод Қунғуротзода, раиси полиси шаҳри Душанберо аз ин симмат барканор ва ба мақоми мудири идораи ҳамлу нақл дар Вазорати умури дохилаи ин кишвар мансуб кард.

Ҳамчунин бо ҳукми дигари раисҷумҳурии Тоҷикистон генерал Шариф Назарзода, ки раиси Идораи полиси вилояти Суғд буд, ба симмати раиси Идораи полиси шаҳри Душанбе мансуб шуд.