Қадрдонӣ ва интиқоди Раҳмон аз КДАМ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27619-Қадрдонӣ_ва_интиқоди_Раҳмон_аз_КДАМ
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз дастовардҳои нерӯҳои амниятии тоҷик дар даврони истиқлол қадрдонӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 29, 2017 13:53 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ ва интиқоди Раҳмон аз КДАМ

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз дастовардҳои нерӯҳои амниятии тоҷик дар даврони истиқлол қадрдонӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлил аз Рӯзи кормандони Кумитаи амнияти миллии ин кишвар бо баррасии вазоиф ва амалкарди онҳо, ҳамчунин аз заъф дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва назму тартиби поин дар нерӯҳои марзбонӣ интиқод кард. Ӯ дар ин маросим бо ёдоварии дастовардҳои Кумитаи амният тайи солҳои истиқлол бар аҳамияти нақши ин ҳавза дар таъмини сулҳу субот ва амнияти миллии ин кишвар таъкид кард. Раҳмон дар идома ба заъфҳои амниятӣ дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, назму тартиботи поин дар нерӯҳои марзбонӣ ва нақзи қавонин ҳини муҳофизат аз марзҳои ин кишвар ишора карда, хитоб ба раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хостори бартарафсозӣ ва рафъи ин навъ мушкилот шуд. Раҳмон гуфт, ҳаводисе, ки дар моҳҳои ахир дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон рух дод, баёнгари ин аст, ки барои афзоиши назму тартиб ва беҳбуди нерӯҳои марзӣ корҳои зиёде бояд анҷом гиранд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонони бесавод ба аҳзобу созмонҳои террористӣ ва ифротиро яке аз муҳимтарин масоиле унвон кард, ки имрӯз дар баробари КДАМ қарор гирифтааст. Ӯ дар идома ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастур дод, то иқдомоти муассире ҷиҳати бозгашти сареи ҷавонони гумроҳ ба меҳан ва ироаи шуғлҳои доимӣ анҷом диҳад.

Дар  маросими Рӯзи кормандони  КДАМ бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон аз Мансурҷон Умаров ва Нусратуллоҳ Мирзоев, муовинони раиси Кумитаи амният ва ҳамчунин Шомуддин Шарифов, раиси Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон бо унвонҳои низомии ҷадид қадрдонӣ шуд.