Декабр 29, 2017 20:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои гумрукии Тоҷикистону Чин тақвият мешавад

Мақомҳои гумрукии Тоҷикистону Чин дар ҷараёни нишасти коргурӯҳи масоили гумрукӣ дар Кошғар тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи табодули иттилооти гумрукӣ ба имзо расонданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин санад мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои гумрукӣ, эҷоди шароити матлуб барои табодули иттилоот, баргузории амалиёти муштарак алайҳи қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва ҳайвоноти нодир хоҳад шуд.

Қаблан низ гузоришҳое дар хусуси тафовутҳои омории ҳаҷми муомилот байни Тоҷикистону Чин мунташир шуда буд, ки намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои ин амр далоилеро чун тафовути қавонини ҳисобдории ду кишвар матраҳ карданд.