Таъсиси чаҳор ниҳоди ҷадиди давлатӣ дар Тоҷикистон
Раисҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси чаҳор ниҳоди давлатии ҷадид дар ин кишвар дар соли 2018-ро эълом кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ҳайати ҳукумати ин кишвар мавзӯи зарурати таъсиси ин чаҳор ниҳоди ҷадидро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ин ниҳодҳо шомили Кумитаи давлатии таъмини амнияти ғизоӣ, Ожонси давлатии ҳавонавардӣ, Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хоҳанд буд.
Кумитаи давлатии таъмини амнияти ғизоӣ шомили чаҳор ниҳоди қаблии фаъол дар ин кишвар, аз ҷумла Созмон ғизо ва дору, Хадамоти домпизишкӣ, Хадамоти беҳбуди навъи дом ва Хадамоти назорат бар кайфияти тухмиҳои кишоварзӣ хоҳад буд.
Ожонси давлатии ҳавонавардӣ ҳам бо муттаҳид кардани Раёсати ҳавопаймоии кишварӣ, Раёсати назорат бар ҳамлу нақли ҳавоӣ ва Маркази судури муҷаввизи фаъолият дар бахши ҳамлу нақл таъсис мешавад.
Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум аз идороти марбутаи қаблӣ, ки зермаҷмӯаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд, таъсис меёбад.
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳам аз ҷамъи идороти қаблии студияи филмсозӣ ва маркази тавлиди филмҳои видеоӣ ва синамоии вобаста ба Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон таъсис хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф аз таъсиси ин чаҳор идораи ҷадидро ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунандагон, тақвияти назорат бар воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва доруӣ ва беҳбуди кайфияти фаъолияти озмоишгоҳҳо дар ин кишвар унвон кардааст.
Ҳамчунин ба дастури раисҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар ин ниҳодҳои ҷадид мутахассисони ҳирфаӣ ҷазб ва ба кор гирифта мешаванд.