Декабр 30, 2017 10:53 Asia/Dushanbe
  • Умедворӣ барои азсаргирии интиқоли гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон

Мақомҳои Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз музокира дар Тошканд дар бораи азсаргирии интиқоли газ пас аз шаш соли вақфа ба Тоҷикистон эълом кардаанд, дар январи соли нав ин тавофуқнома ниҳоӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, як корманди ширкати давлатии гази Тоҷикистон бидуни ифшои номи худ гуфтааст, ҳайате аз ин ширкат дар Тошканд дар ҳоли ниҳоӣ кардани тавофуқномаи азсаргирии интиқоли гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аст.

Аммо ба гуфтаи вай, дар сурати воридоти дубораи газ аз Ӯзбакистон дар авоили соли 2018, бахши хонагӣ аз ин навъи сӯхт истифода нахоҳад кард ва гази воридотӣ барои фаъолияти Ширкати алюминийи Тоҷикистон, Корхонаи нуриҳои минералии Вахш, Маркази гармоишии шаҳри Душанбе ва теъдоде аз марокизи санъатӣ дар вилояти Суғд истифода хоҳад шуд.

Тайи шаш соле, ки содироти гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон қатъ шудааст, теъдоди зиёде аз марокизи санъатӣ ва тавлидии ин кишвар бо тағйири корбарии таҷҳизоти худ аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд, ки аз нигоҳи иқтисодӣ низ ба маротиб арзонтар аст. Кормандони ширкати давлатии гази Тоҷикистон бо баррасии вазъияти хати интиқоли гази Ӯзбакистон ба ин кишвар пас аз шаш сол ба ин натиҷа расидаанд, ки имкони азсаргирии воридоти ин навъи сӯхт аз кишвари ҳамсоя вуҷуд дорад.

Бо ин ҳол, мақомҳои ин ширкат дар бораи қимати тавофуқшудаи ҳар як ҳазор метри мукааб гази воридотӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ибрози назаре накардаанд.