Кумакрасонии ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Тоҷикистон ба кӯдакони ниёзманд
(last modified Sat, 30 Dec 2017 08:13:51 GMT )
Декабр 30, 2017 13:13 Asia/Dushanbe
  • Кумакрасонии ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Тоҷикистон ба кӯдакони ниёзманд

Дар остонаи соли нави мелодии 2018 ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Тоҷикистон иқдом ба кумакрасонӣ ба кӯдакони ниёзманди се мактаби шабонарӯзии шаҳри Душанбе кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Тоҷикистон, ин кумакҳо шомили маводи хӯрокӣ аз қабили орд, гӯшт, шакар, биринҷ, равған ва лавозими беҳдоштӣ буд, ки ба 275 кӯдаки ниёзманд, бесарпараст ва маълул ихтисос ёфт.

Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсуси кӯдакони нобино ва камбинои пойтахт, Хонаи кӯдакони № 1-и ноҳияи Шоҳмансур ва Хонаи кӯдакони камтар аз 8 сол (то синни пешдабистонӣ)-и № 1-и ноҳияи Фирдавсӣ, се мактаби шабонарӯзие буданд, ки довталабони ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Тоҷикистон ба он ҷо кумакрасонӣ карданд.

 Ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Тоҷикистон дар тӯли соли ҷорӣ чандин бор ба кумаки ниёзмандони кишвар шитофта, ки аз ҷумлаи он метавон ба тақсими маводи ғизоӣ миёни 500 хонаводаи ниёзманди чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе дар Наврӯзи соли 2017 ишора кард.