Декабр 31, 2017 11:05 Asia/Dushanbe
  • Мусодираи маҳсулоти ғайри стандартӣ дар корхонаи “Шириниҳои Пойтахт”

Дар ҷараёни бозрасӣ аз корхонаи маҳсулотҳои хӯроквории “Шириниҳои Пойтахт” дар шаҳри Душанбе, 11тону 750 кило маҳсулоти ғайри стандартӣ кашф ва мусодира шудааст.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, кормандони “Тоҷикстандарт”, Нозироти андоз ва Хадамоти давлатии санитарии шаҳри Душанбе ва Хадамоти оташнишонӣ ҳангоми бозрасии муштарак аз корхонаи “Шириниҳои Пойтахт”-и шаҳри Душанбе 11 тону 50 кило маҳсулоти ғайри стандартиро кашф ва мусодира кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, ин маҳсулот шомили 11 тон макрон ва 750 кило биринҷ мешавад, ки таърихи масрафи он гузашта ва ғайри қобили истифода мебошад. Нархи ин маҳсулоти мусодира шуда, 45 ҳазор сомонӣ баровард шудааст. Аз сӯи дигар чанд рӯз қабл кормандони Агентии давлатии стандарти Тоҷикистон дар яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе муваффақ ба кашфу мусодираи наздик ба 1 тон қаймоқ шуданд, ки таърихи масрафи ин маҳсулоти ширӣ муддатҳо қабл ба поён расидааст. Ин дар ҳоле аст, ки 2 руз қабл мақомоти Идораи стандарти вилояти Ботканди Қирғизистон наздик ба 2 тон маҳсулоти қаннодии воридотӣ аз Тоҷикистонро ба далели таърихи масрафаш гузашта, дубора ба ин кишвар пас фиристоданд.