Декабр 31, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Иллатҳои афзоиши қарзҳои Тоҷикистон дар соли 2017 ба ривояти Бонки Ҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише бо унвони «Тоҷикистон, афзоиши осебпазирӣ бо вуҷуди рушди иқтисоди пойдор», ба баррасии далоили афзоиши қаррзҳои Душанбе дар сол 2017 милодӣ пардохт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, қарзҳои дарёфтӣ барои иҷрои проектҳои давлатӣ бавижа аз Чин, қарзҳои дохилӣ барои ҳимоят аз энержӣ ва судури авроқи қарза ба арзиши 500 миллион доллар дар сентябр, аз иллатҳои аслии афзоиши қарзҳои Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Амалкарди мутавассити иқтисодҳои минтақа ҳамроҳ бо коҳиши қиммати колоҳои хом метавонанд, бар интиқоли пули дохилӣ ва даромади ҳосил аз содирот таъсири манфӣ гузоранд.

Ҳамзамон имконоти маҳдуди молӣ бо таваҷҷуҳ ба боло рафтан қарзҳо ва сатҳи поини захоири хориҷӣ ва дохилӣ, мунҷар ба афзоиши осебпазирии Тоҷикистон дар баробари шокҳои иқтисодӣ мешавад.

Сармоягузориҳои хусусӣ дар 9 моҳи нахусти соли ҷорӣ тақрибан 17 дарсад коҳиш ёфта дар ҳоле, ки ҳаҷми сармоягузориҳои давлатӣ бо истифода аз манобеи дохилӣ дар ин муддат, беш аз 33 дарсад афзоиш доштааст.

Дар нимаи аввали соли 2017 милодӣ, сармоягузории мустақими хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ва 1.9 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии ин кишварро ташкил додааст.

 Дар ҳоле, ки дар муддати мушобеҳи соли гузашта ин шохис 6.3 дарсад баровард шуда буд.

Бо вуҷуди сармоягузории қобили таваҷҷуҳ дар иқтисоди Тоҷикистон дар авохири соли 2016 милодӣ, ки 6.1 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии ин кишварро ташкил медод, ду бонки ин кишвар дар авосити соли 2017 милодӣ варшикаст шуданд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар ин гузориш ҳамчунин таъкид карда, ки қарзҳои давлати Тоҷикистон то авохири сентябри соли ҷории милодӣ ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст.