Декабр 31, 2017 15:41 Asia/Dushanbe
  • Интишори навори тамаъҷӯии масъули Ҳизби коммунисти Душанбе

Кормандони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон навори видеои тамаъҷӯии масъули созмони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо, ки аз номи яке аз мушовирони ёвари раисиҷумҳури ин кишвар аз корхонаи давлатии "Тоҷикаэронавигатсия” 12 ҳазор сомонӣ дарёфт карда буд, мунташир кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Субҳон Сафиаллоев, масъули созмони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон намояндаи Шӯрои пойтахти ин кишвар низ буд, бо тамос гирифтан бо мудири корхонаи давлатии "Тоҷикаэронавигатсия” ва муаррифии хеш ба унвони яке аз мушовирони Асадуллоҳ Раҳмон, ёвари раисиҷумҳур, 12 ҳазор сомонӣ дарёфт кардааст, акнун бояд ба унвони муттаҳам дар ин парванда посух диҳад.

Зеро вай, пас аз тамос бо мудири “Тоҷикаэронавигатсия”ва муаррифии худ ба унвони мушовири ёвари  раисиҷумҳур маблағи 12 ҳазор сомонӣ кумак дархост мекунад ва мудири ин созмон низ бо пардохти ин маблағ Асадуллоҳ Раҳмон, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар ҷараён мегузорад. Аммо Асадуллоҳ Раҳмон бо иброзби беиттилои аз ин моҷаро аз мудири “Тоҷикаэронавигатсия”дархост мекунад, ки бо иттилои ин мавзуъ ба Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои боздошти масъули Ҳизби коммунисти шаҳри Душанбе, кумак кунад.

Манобеи қазоӣ қаблан дар шарҳи ин моҷаро гуфтаанд, ки масъули Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе барои худ ва хонаводааш хона сохта ва аз бонк вом ҳам гирифтааст, аммо ба далели ин, ки писари ӯ натавониста қарзҳои бонкии худро ба мавқеъ пардохт кунад, маҷбӯр ба фурӯши хонаи қаблии худ мешавад.

Ҳамкорони Субҳон дар созмони Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки парвандаи вай иртиботе бо фаъолиятҳои ҳизбиаш надорад ва қазия комилан ҷудо мебошад.

Субҳон Сафиаллоев дар19 соли ахир ӯҳдадори масъулияти раёсати созмони Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе будааст.