Ифтихор офаринии духтари тоҷик дар Африқои Ҷанубӣ
Манижа Тошболтаева, духтари тоҷики синфи нӯҳуми мактаби русӣ-тоҷикии Душанбе бори дигар дар масофи рақибонаш дар як олимпиад дар Африқои Ҷанубӣ, ифтихор офарид.
Ба гузориши “Спутник”, Вероника Каробкина, мудири маркази омӯзишии "Абакус" гуфтааст, Манижа дар олимпиади риёзӣ "муҳосиботи зеҳнӣ бо чуртка", ки дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд, муваффақ ба касби рутбаи сеюм шуд.
Муддати як сол аст, ки Манижа дар Академияи ҳисоби зеҳнии "Империя знаний" дар пойтахти Тоҷикистон ба машғулият фаро гирифта шудааст. Ин ҷо кӯдакони аз 5 то 17-сола таҳсили илм мекунанд.
Ӯ қаблан бо ширкат дар як барнома телевизионӣ бо номи "Одамони ғайриоддӣ", бо ташхиси дақиқ суръати худрав танҳо бо чашмонаш, қобилияти хосси худро нишон дода ва тамошочиёнро ҳайратзада карда буд.