Январ 02, 2018 15:10 Asia/Dushanbe
  • Беморӣ ва марги ҳашт сокини Хуҷанд бар асари масмумияти ғизоӣ

Баъди як зиёфати солинавӣ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд 4 нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар дар бемористони рақами яки шаҳри Хуҷанд таҳти табобат боқӣ мемонанд.

Ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, ҳануз рӯшан нест, ки онҳо аз истеъмоли оши палав заҳролуд шудаанд ваё аз нӯшокиҳои спиртӣ.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯяд, тафтиши ҳодиса идома дорад ва бояд сабабҳои заҳролуд шудани ин 8 нафарро маълум кунад.

Дар робита ба сабабҳои марги иштироккунандагони ин зиёфати солинавӣ ду фарзия матраҳ аст: истеъмоли нӯшокиҳои спиртии пастсифат ё вуҷуди кадом маҳсулоти заҳролуд дар оши палаве, ки рӯзи 30 декабр дар он зиёфат дар маҳаллаи 19-ум пухтаанд.

Мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба манзилҳои наздикони фавтидагон рафта, ваъда додаанд, ки ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ мешавад ва гунаҳкорон ба панҷаи қонун супурда хоҳанд шуд.