Нотавонии бонкҳои буҳронзада дар пардохти пули муштариён
(last modified Wed, 03 Jan 2018 05:06:38 GMT )
Январ 03, 2018 10:06 Asia/Dushanbe
  • Нотавонии бонкҳои буҳронзада дар пардохти пули муштариён

Иқтисоддони тоҷик гуфт, низоми бонкии Тоҷикистон дар пардохти маблағи муштариён дар соли гузаштаи 2017 нотавон буд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Баҳриддин Каримов таъкид кардааст, ки бо вуҷуди ихтисоси чаҳор миллиард сомонӣ барои наҷоти бонкҳои Тоҷикистон дар соли 2017, ин марказҳои молӣ натавонистанд бо муштариёни хеш тасвияҳисоб (баробар кардани ҳисоб, пардохт) кунанд.

Ба гуфтаи Каримов дар соле, ки гузашт бо вуҷуди дархости Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, на вазири молия ва на раиси Бонки Миллӣ тавзеҳ надоданд, ки бо вуҷуди ихтисоси маблағи чаҳор миллиард сомонӣ барои беҳбуди авзои молии бонкҳои буҳронзада, ин бонкҳо муваффақ ба тасвияҳисоб бо муштариёни хеш нашуданд.

 Ин иқтисоддони тоҷик гуфт, мудирони ноуҳдабарои бонкҳои варшикастшуда, ки боис шуданд ин марокизи молӣ ба вазъи ногувори феълӣ биафтанд, пас аз барканорӣ аз симматҳои хеш дубора ба раёсати бонкҳо бозгаштанд.

Вай афзуд, бо лағви муҷаввизи ду бонки буҳронзадаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” дар як соли ахир муштариёни молбохта танҳо ваъдаи пардохти маблағҳои худро шунидаву натавонистанд пулҳояшонро дарёфт кунанд.

Баҳриддин Каримов муътақид аст, ки агар авзои бонкҳои буҳронзадаи Тоҷикистон дар соли ҷадиди 2018 низ ба риволи қабл идома ёбад, эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар аз байн хоҳад рафт, ки ислоҳи ин беэътимодӣ кори осоне нахоҳад буд.