Январ 03, 2018 11:36 Asia/Dushanbe
  •  Интишори севумин китоби тоҷикӣ ба забони арабӣ дар Қоҳира

Китоби шоир, мутарҷим ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Миср бо унвони “Авроқун мутафарриқа” (Парокандабаргҳо) ба забони арабӣ дар Қоҳира мунташир шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Назруллоҳи Назар гуфтааст, ин китоб шомили шеърҳо шуарои тоҷик ва ашъори бархе аз шуарои араб дар бораи Тоҷикистон аст, ки аз сӯйи интишороти “Шамс”-и Қоҳира мунташир шудааст.

 Назруллоҳи Назар яке аз саршиностарин мутарҷимони забони арабӣ дар Тоҷикистон аст, ки солҳо дар Қоҳира ба унвони сафири ин кишвар фаъолият кардааст.

Вай ба поси хадамоти арзишманди марҳум Ҳасан ан-Наққош, устоди забони арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки паноҳандаи сиёсии ироқӣ буд, иқдом ба интишори ин китоб кардааст.

Шоир дар маҷмӯаи “Авроқун мутафарриқа” намунае аз осори шоирони тоҷик, тарҷумаи ашъори адибони Русия, Беларус, Ӯзбакистон, Туркманистон ва дигар кишварҳоро, ки дар солҳои мухталиф ба забони арабӣ тарҷума шуда, гирдоварӣ ва барои аввалин бор мунташир кард.

 Пеш аз ин ба ҳиммати вай осори шуаро ва адибони тоҷик ба забони арабӣ дар Сурия ва Кувайт мунташир шуда буд.

Ҳамчунин қаблан дар Миср китобҳои “Дипломатияи об дар Тоҷикистон” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони арабӣ мунташир ва ба хонандагон ироа шудааст.