Боздошти як муттаҳам бо 32 грамм сангҳои қиматбаҳо
Январ 03, 2018 11:05 Asia/Dushanbe
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде бо 32 грамм санги қиматбаҳои ёқут ва квартс дар ноҳияи Мурғоб хабар дод.
Полис дар ҳоле ин фардро дастгир кард, ки фурӯши ин сангҳо дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълом шудааст.
Ин марди 49 сола, сокини ноҳияи Мурғоб ва корманди Муассисаи назорати давлатии бузургроҳҳои ин ноҳия аст, ки полис вайро ба муомилоти ғайриқонунии сангҳои боарзиши табиӣ ва содир кардани онҳо муттаҳам кардааст.
Гуфта мешавад, дар бозрасӣ аз манзили муттаҳам 13 қитъа санги ёқут ва як қитъа санги квартс, маҷмӯан ба вазни 32 грамм ва 49 миллиграмм кашфу мусодира шуд.
Таҳқиқот дар ин замина ҳанӯз идома дорад.