Боздошти як муттаҳам бо 32 грамм сангҳои қиматбаҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27877-Боздошти_як_муттаҳам_бо_32_грамм_сангҳои_қиматбаҳо
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде бо 32 грамм санги қиматбаҳои ёқут ва квартс дар ноҳияи Мурғоб хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 03, 2018 11:05 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як муттаҳам бо 32 грамм сангҳои қиматбаҳо

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде бо 32 грамм санги қиматбаҳои ёқут ва квартс дар ноҳияи Мурғоб хабар дод.

Полис дар ҳоле ин фардро дастгир кард, ки фурӯши ин сангҳо дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълом шудааст.

 Ин марди 49 сола, сокини ноҳияи Мурғоб ва корманди Муассисаи назорати давлатии бузургроҳҳои ин ноҳия аст, ки полис вайро ба муомилоти ғайриқонунии сангҳои боарзиши табиӣ ва содир кардани онҳо муттаҳам кардааст.

Гуфта мешавад, дар бозрасӣ аз манзили муттаҳам 13 қитъа санги ёқут ва як қитъа санги квартс, маҷмӯан ба вазни 32 грамм ва 49 миллиграмм кашфу мусодира шуд.

Таҳқиқот дар ин замина ҳанӯз идома дорад.