Коршиносони тоҷик: Авзои Эрон дар контроли давлат аст
(last modified Wed, 03 Jan 2018 17:32:26 GMT )
Январ 03, 2018 22:32 Asia/Dushanbe
  • Коршиносони тоҷик: Авзои Эрон дар контроли давлат аст

Коршиносони масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки авзои Эрон дар паи бархе ҳаводиси рӯзҳои ахир аз контроли давлат хориҷ нахоҳад шуд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Иброҳим Усмонов, коршиноси тоҷик гуфт, рӯзҳои наздик назму оромиши умумӣ дар Эрон ба таври комил барқарор хоҳад шуду давлати ин кишвар бо таҷрубае, ки дар ин маворид дорад, иҷоза нахоҳад дод, гурӯҳҳое ба баҳонаҳои мухталиф авзоъро ба ҳам бизананд .

Вай таъкид кардааст, ки давлатмардони Эрон эълом карданд, решаи ҳаводиси ахир дар ин кишвар ба сиёсатҳои душманонаи Амрико иртибот дораду мавзуи Фаластину Қудс барои Теҳрон хати қирмиз аст .

Ҳамчунин Олим Салимзода, раиси Комиссияи равобити байналмилалии Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон гуфт, миёни ин кишвар ва Эрон ҳамвора равобити дӯстона вуҷуд дошта ва ҳаводиси ахир дар бархе шаҳрҳои Эрон наметавонад бар азми ҷиддии Теҳрон дар сиёсатҳои усулиаш халал ворид кунад .

Салимзода низ ибрози итминон кардааст, ки дар Эрон ба зудӣ назму амният барқарор мешаваду равобити дӯстонаи Теҳрон бо Тоҷикистон ва дигари кишварҳои минтақа тақвият хоҳад шуд .