Январ 04, 2018 10:48 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди семент дар Тоҷикистон

Корхонаҳои сементи Тоҷикистон дар соли гузашта (2017 ) барои нахустин бор дар таърихи ин кишвар беш аз се миллион тон семент тавлид карданд, ки як миллион тон аз он ба хориҷ аз кишвар содир шудааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тавлиди семент дар ин кишвар тайи соли 2017 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 800 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.

Афзоиши тавлиди семент дар Тоҷикистон заминаи содироти ин маҳсули муҳими сохтмонӣ ба мизони як миллион тонро ба се кишвари ҳамсоя – Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон фароҳам кард.

Дар ҳоле ки содироти семент ба ин кишварҳо дар соли 2016 танҳо 300 ҳазор тон буд.

Аз миёни се кишвари ёдшуда Афғонистон ба унвони муҳимтарин воридкунандаи сементи Тоҷикистон матраҳ аст.

Дар Тоҷикистон 13 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шуда ва акнун панҷ корхона ба содироти ин маҳсули муҳими сохтмонӣ машғул мебошад.

Бар асоси омори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин кишвар заминаи тавлиди солона наздик ба чаҳор миллион тон семент вуҷуд дорад.

Ба иллати набуди газ дар Тоҷикистон корхонаҳои тавлиди сементи ин кишвар аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.