Январ 04, 2018 12:08 Asia/Dushanbe
  • Кумакхоҳии муштариёни бонки варшикастшудаи “Тоҷпромбонк” аз раисҷумҳурии Тоҷикистон

Муштариёни бонки варшикастшудаи “Тоҷпромбонк”, ки беш аз як сол аст наметавонанд амонот ва супурдаҳои худро бозпас бигиранд, бо ирсоли номае ба раисҷумҳурии Тоҷикистон, аз вай дархости кумак кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, дар ин нома аз Эмомалӣ Раҳмон дархост шудааст барои ҳалли мушкили муштариёни ин бонк, ки аз аввали марти соли 2017 муҷаввизи фаъолияташ лағв шудааст, мусоидат кунад.

Ин дархости кумак ба хотири он аст, ки талошҳои муштариёни ин бонк тайи як соли гузашта барои бозпасгирии супурдаҳои худ ба ҷое нарасида ва акнун онон даст ба домани раисҷумҳурии Тоҷикистон шудаанд.

 Дар ин нома ёдоварӣ мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонм Тоҷикистон дар декабри соли 2016, бар зарурати ҳалли мушкили бозпардохти супурдаҳои муштариёни ин бонк дар кӯтоҳтарин замони мумкин таъкид карда буд.

Муштариёни бонки варшикастшудаи “Тоҷпромбонк” пешниҳод кардаанд, роҳи нахусти бозпардохти ин маблағҳо, фурӯши амвол ва дороиҳои шахсии Ҷамшед Зиёев, мудири ин бонк аст, ки омили аслии вогузории пулҳои амонатии ин маркази молӣ бидуни дарёфти тазмин ба афрод ва созмонҳост, ки муҷиби бурузи буҳрон ва мамнуъ шудани фаъолияти ин бонк шудааст.

Аз дидгоҳи ин афрод, роҳи дувуми пардохти бидеҳии “Тоҷпромбонк” ба муштариёни талабкор, ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки метавонад аз манобеи молии худ маблағи мардумро бозпас диҳад ва бо фурӯши амвол ва дороиҳои бонк ин манобеъро ҷуброн кунад.

Дар ин нома таъкид шудааст, иллати ба фурӯш нарафтани амвол ва дороиҳои “Тоҷпромбонк” ин аст, ки масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон барои ин амвол қиматҳои бисёр боло таъйин кардаанд, ки ин мавзуъ харидоронро фирорӣ медиҳад.

Муштариёни молбохтаи “Тоҷпромбонк” нусхае аз ин номаро ба раиси Маҷлиси намояндагон ва додситони кулли Тоҷикистон низ ирсол кардаанд.