Бонувони хатлонӣ ҳунарҳои мардумӣ меомӯзанд
(last modified Mon, 22 Aug 2016 12:15:11 GMT )
Август 22, 2016 17:15 Asia/Dushanbe
  • Бонувони хатлонӣ ҳунарҳои мардумӣ меомӯзанд

Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон беш аз 2000 нафар бонувон аз рӯи 10 намуд ҳунарҳои мардумӣ соҳиби шуғл шудаанд.

Дар ҳоле, ки дар  қисме аз  Марказҳои ҳунаромӯзӣ бонувон нозукиҳои бархе  аз  ҳунарҳои мардумӣ ба амсолӣ қолинбофӣ, адрасу атласбофиро меомӯзанд, қисми дигаре дар тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ, духтани либосҳои мардона, занона ва кӯдакона  моҳир  шудаанд.

 Зиёдалӣ Насриддин, муовини сардори  раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон мегуяд, ки  қисме аз бонувон   баъди таъсиси коргоҳҳои  истеҳсолӣ  ва  бархи дигаре, ки   корашонро дар шароити хонагӣ роҳандозӣ намудаанд, аз қайди  нозироти андоз гузаштаанд.

 Гуфтанист,бо мақсади ҷалби бештари  бонувони бекор  дар назди Марказҳои шуғли аҳолии 10 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  курсҳои омӯзиши қолинбофӣ амал мекунанд.

 Дар шаҳри Қӯрғонтеппа , ноҳияҳои ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ  ва   Восеъ  бошад, курсҳои омӯзишӣ атласу адрасбофӣ  роҳандозӣ шудааст.

Моҳира Гадоева, атласу адрасбофи моҳир аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як моҳ боз ба 15 нафар духтарони шаҳри Қӯрғонтеппа нозукиҳои бофтани адрасу атласро меомӯзонад.

Хотиррасон мешавем, ки солҳои ахир новобаста аз он, ки   теъдоди бонувони муҳоҷир дар қатори мардон ба хориҷи кишвар меафзояд, вале  бештари бонувон  новобаста аз камбудии молӣ   талоши  дар Ватан дарёфт намудани ризқу рӯзиро мекунанд.

Аз ин ҷост, ки дар ин давра ба Марказҳо шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 10 ҳазору 53 нафар бонувон барои дарёфти ҷои кор муроҷиат кардаанд.