Январ 06, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши сақфи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳадафи дарёфти воми бештар

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад бо афзоиши сақфи қарзҳои хориҷии худ аз 40 дарсади феълӣ ба 60 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (тавлиди нохолиси миллӣ), заминаи дарёфти вомҳои хориҷии бештарро фароҳам созад.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, дар гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, дар соли гузашта (2017) мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба 50 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар расид ва акнун саъй мешавад ин сақф ба 60 дарсад афзоиш ёбад.

Далоили афзоиши мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аз 39 дарсад дар тобистони соли 2017 ба 50 дарсад дар охири ин сол - фурӯши 500 миллион доллар саҳми молии нерӯгоҳи обии “Роғун” дар хориҷ, ҷазби вомҳои ҷадид аз Чин ва интишори авроқи баҳодор ба манзури ҳимоят аз бонкҳои буҳронзадаи ин кишвар унвон шудааст.

Мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 ба беш аз ду миллиарду 800 миллион доллар расида буд, ки аз ин миқдор қарзҳои хориҷӣ, як миллиарду 200 миллион доллар мутааллиқ ба кишвари Чин аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ 300 миллион доллар, аз Бонки Рушди Осиё 235 миллион доллар ва аз Бонки Рушди Исломӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам 235 миллион доллар қарздор аст.

Нур Сафаров, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, афзоиши сақфи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар шароити феълии иқтисодии ин кишвар як амри зарурӣ аст. Ба шарте ки вомҳои ҷадиди молӣ барои рушди иқтисоди ин кишвар мавриди истифода қарор гирад.

Ба андешаи вай, агар ин вомҳо барои наҷоти бонкҳои буҳронзадаи Тоҷикистон истифода шавад, суде барои ин кишвар нахоҳад дошт.

Аз сӯйи дигар, Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, бо афзоиши сақфи қарзҳои хориҷии ин кишвар аз 39 дарсад то 50 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин ҷумҳурӣ дар соли 2017 акнун талош мешавад, ки ин амр ваҷҳаи қонунӣ пайдо кунад.

Дар ҳоле, ки тайи солҳои оянда Тоҷикистон ҳамчунон вобастагии шадиди худ ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир ва вомҳои хориҷиро ҳифз хоҳад кард.