Кашфи як одамрабоӣ дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i28031-Кашфи_як_одамрабоӣ_дар_Душанбе
Вазорати дохилаи Тоҷикистон имрӯз шанбе аз ифшои як маврид одамрабоӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 06, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
  • Кашфи як одамрабоӣ дар Душанбе

Вазорати дохилаи Тоҷикистон имрӯз шанбе аз ифшои як маврид одамрабоӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ин ҳодиса рӯзи 27 декабр рӯй дода, ки дар ҷараёни он як зани 22 солаи сокини кӯчаи Камоли Хуҷандии пойтахт рабуда шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи  шаҳри  Душанбе як марди 24 солаеро ба иттиҳоми даст доштан дар ин одамрабоӣ боздошт кардаанд.

Тайи солҳои ахир даҳҳо маврид одамрабоии шаҳрвандони тоҷик, аз ҷумла нопадид шудани чандин кӯдак дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Соли гузашта мақомоти тоҷик аз боздошти зане бо номи Матлуба Аҳмадова хабар доданд, ки муттаҳам ба даст доштан дар одамрабоӣ аст.