Кашфи як одамрабоӣ дар Душанбе
Январ 06, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
Вазорати дохилаи Тоҷикистон имрӯз шанбе аз ифшои як маврид одамрабоӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ин ҳодиса рӯзи 27 декабр рӯй дода, ки дар ҷараёни он як зани 22 солаи сокини кӯчаи Камоли Хуҷандии пойтахт рабуда шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе як марди 24 солаеро ба иттиҳоми даст доштан дар ин одамрабоӣ боздошт кардаанд.
Тайи солҳои ахир даҳҳо маврид одамрабоии шаҳрвандони тоҷик, аз ҷумла нопадид шудани чандин кӯдак дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Соли гузашта мақомоти тоҷик аз боздошти зане бо номи Матлуба Аҳмадова хабар доданд, ки муттаҳам ба даст доштан дар одамрабоӣ аст.