Январ 07, 2018 10:10 Asia/Dushanbe
  • Боздошт ба иттиҳоми таъсиси ширкати ғайриқонунии  эъзоми нерӯи ба хориҷ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар ба иттиҳоми таъсиси ширкати ғайриқонунии эъзоми нерӯи кор ба хориҷ ва фиреб кардани шаҳрвандони ин кишвар дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе бидуни доштани иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати ин кишвар, ширкати эъзоми неруи кор ба хориҷ, мавсум ба “Меҳр-2017”-ро таъсис ва аз 3 шаҳрванди ин ҷумҳурӣ, бо додани ваъдаи дурӯғини фиристодан ба Аврупо барои кор, маблағи 11 ҳазор доллар дарёфт кардааст.

Ҳамчунин як сокини 25-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ бо фиреби 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба баҳонаи эъзоми онон барои кор ба Олмон аз ин афрод, маблағи 74 ҳазор сомониро гирифта фирор кардааст, ки акнун боздошт ва таҳти бозҷӯӣ қарор дорад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки алайҳи ин ду нафар ба иттиҳоми фиреби шаҳрвандон, таъсиси ширкати ғайриқонунии эъзоми неруи кор ба хориҷ ва қаллобӣ, парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи солҳои 2015 то 2017 байни 8 то 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ду далел, афзоиши фишорҳои сиёсӣ ва пайдо кардани ҷои кор вориди кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо шудаанд.

Ба далели афзоиши теъдоди корҷӯён дар Аврупо аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, акнун ширкатҳои таҳияи раводиди сафар ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон, барои ин раводид аз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон маблағи 700 евро талаб мекунанд, ки қаблан 200 то 250 евро буд.