Муҷозот ва барканории ҳудуди 160 мақоми ҳукуматии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i28051-Муҷозот_ва_барканории_ҳудуди_160_мақоми_ҳукуматии_Тоҷикистон
Девони муҳосиботи Тоҷикистон эълом кардааст, тайи ним соли газишта, 159 нафар аз мақомдорони ҳукумати ин кишварро муҷозот кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 07, 2018 07:38 Asia/Dushanbe
  • Муҷозот ва барканории ҳудуди 160 мақоми ҳукуматии Тоҷикистон

Девони муҳосиботи Тоҷикистон эълом кардааст, тайи ним соли газишта, 159 нафар аз мақомдорони ҳукумати ин кишварро муҷозот кардааст.

Ба гузориши манобеи маҳаллӣ дар Тоҷикистон, аз ин теъдод 6 нафар аз мақоми худ барканор шудаанд.

Девони муҳосиботи Тоҷикистон ҷурми ин афродро фасоди молӣ, эълом кардааст.

Бар асоси омори ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон, сӯи истифодаи молии мақомоти зикршуда, 7 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат хисороти молӣ расондааст.

Фасоди молӣ ва ришвахории мақомоти ҳукуматӣ, аз ҷумла муъзалоти доғи ҷомеаи тоҷик аст, ки аз нигоҳи коршиносон яке аз мавонеи аслии Тоҷикистон аст.