Январ 07, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Каромат Шарипов бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Каромат Шарипов, раҳбари бузургтарин созмони муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки моҳи декабр ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, рӯзи 6 январ бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мулоқот кардааст.

Ба иттилои Ахбор, Рамазон Раҳимзода ба Каромат Шарипов ваъда додааст, ки қазияи ӯро таҳти назорати худ хоҳад гирифт.

Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ ва раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, рӯзи 6 январ, баъди се ҳафтаи маҷбуран берун карданаш аз Русия, тавонист ба мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода роҳ биёбад.

Каромат Шарипов гуфт, дар мулоқот бо вазири дохилаи Тоҷикистон вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳамчунин қазияи омада ба сари худашро матраҳ кардааст.

Каромат Шарипов мегӯяд: “Рамазон Раҳимзода дар ин мулоқот гуфт, ки аз ҷараёни маҷбуран аз Русия ба Тоҷикистон овардани ман хабар надошт. Вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки ин масъаларо таҳти назорати худ мегирад. Ман ҳоло мунтазири посухи расмии ҷониби Тоҷикистонам ва сипас ин ҷавобро ба Додгоҳи олии Русия пешниҳод хоҳем кард”

Каромат Шарипов гуфт, ки дар дидор бо Рамазон Раҳимзода ҳамчунин вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ кардааст: “Ман ба ҷаноби вазир гуфтам, ки мо бояд қонуншиканиҳо нисбати шаҳрвандони мо дар Русия ва инсонфурӯширо ҳамроҳ аз байн бардорем. Вазъи муҳоҷирони мо ин як бадбахтии мардуми тоҷик аст ва агар давлат вазъи онҳоро ислоҳ накунад, нобоварии ҷомиа нисбат ба давлат бештар мешавад. Чанд рӯз пеш мо шоҳид будем, ки вазорати корҳои хориҷии Русия дар масъалаи ихроҷи ду хабарнигори рус аз Латвия чӣ қадар шӯру ғавғо бардошт. Аммо чаро касе ба ҳимоят аз тоҷикҳое, ки села-села ихроҷ мешаванд, садо баланд намекунад”?

Каромат Шариповро, ки дар Русия ба Федератсияи муҳоҷирони СНГ ва Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия раҳбарӣ мекард, рӯзи 13 декабр бо ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб ихроҷ карданд.