Баргузории таҷлил аз устод Садриддин Айнӣ
Бо баргузории 140-умин солрӯзи вилодати устод Садриддин Айнӣ дар апрели имсол, аз хадамоти ин Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, поягузори адабиёти ҷадид ва нахустин раиси Фарҳангистони улуми ин ҷумҳурӣ, қадрдонӣ мешавад.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Фарҳангистони улуми Тоҷикистон эълом кардааст, қарор аст, дар ин ҳамоиш илмӣ, роҷеъ ба нақши устод Садриддин Айнӣ дар таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар таркиби Иттиҳоди Шӯравии вақт, хадамоти илмӣ ва адабии вай, дар рушди адабиёти ҷадиди миллӣ ва низ шинохти осори вай, баҳсу табодули назар шавад.
Бархе китобҳои “Хотирот”, “Намунаи адабиёти тоҷик” ва “Таърихи фикрии Инқилоби Бухоро” токунун дар Эрон мунташир шудааст.
Ба гуфтаи таърихшиносон, нашри китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ба хатти форсӣ дар соли 1925 дар шаҳри Маскав, посухи дандоншикане ба гурӯҳҳои муғриз буд, ки вуҷуди қавми форсизабони тоҷикро дар қаламрави Моваруннаҳр инкор мекарданд ва қасд доштанд, аз таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар таркиби Иттиҳоди Шӯравии вақт, ҷилавгирӣ намоянд.