Январ 08, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Дастрасии дубора ба Вайбер дар Тоҷикистон ба дастури Рустами Эмомалӣ

Манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дастрасии дубора ба мессенҷери иртиботии “Viber” дар ин кишвар ба дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, имконпазир шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, иллати барқарории дубораи фаъолияти мессенҷери Вайбер дастури шаҳрдори Душанбе мебошад, ки қаблан аз тариқи ин канал барои тамос бо сокинони пойтахти Тоҷикистон истифода мекард, то ба мушкилоти онон расидагӣ шавад.

Зеро қатъи фаъолияти ин мессенҷер на танҳо мӯҷиби осеб задан ба ҳазорон корбар дар дохили Тоҷикистон гардид, балки шаҳрдори Душанберо аз иртибот бо сокинони пойтахти ин кишвар маҳрум кард. Аз ин рӯ, пас аз ду рӯз аз қатъи фаъолияти мессенҷери Вайбер дар Тоҷикистон ба дастури Бек Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи ин кишвар, акунун заминаи истифодаи дубора аз ин мессенҷер фароҳам шуд. Аз сӯи дигар комиссиюни вежае, ки барои баррасии тасмими раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мабни бар қатъи фаъолияти канали иртиботии “NGN” таъсис шуда буд, ба Бек Сабурӣ тавсия кардааст, ки аз ин навъ иқдомоти насанҷида, худдорӣ кунад.

Дар пайи бастани фаъолияти канали иртибоотии “NGN” гурӯҳе аз фаъолони мавсум ба “Ахбор барои афкор”, дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бо ирсоли номаи саркушодае ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, хостори мусоидати вай барои лағви тасмими Хадамоти алоқаи ин кишвар шуданд.

Бек Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба баҳонаи таъмини амнияти миллии кишвар, канали иртиботии “NGN”-ро қатъ кард ва талош дошт дар мавриде, каналҳои иртиботии “Viber”, “WhatsApp”, “Telegram” ва “IMO” низ иқдоми мушобеҳ кунад.