Додситонии Тоҷикистон: Ҳукуматулло шокӣ надорад, иқдом намекунем
Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд, чун раиси собиқи ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон шокии хусусӣ надорад, ҳеҷ иқдоме дар ин замина гирифта нашудааст.
Ба иттилои Toptj, Фирдавс Раҳимзод, як масъули Додситони кулл гуфтааст, дар бораи таҳқиқоти анҷомшуда огоҳ мебошад, вале дар ин замина ҳеҷ санҷиш ё иқдоми дигаре ба роҳ монда нашудааст: “Агар расман муроҷиат шавад, баъд мумкин инро мебинанд. Мо ҳам дар сомонаҳо дидему намедонам, ки то кадом андоза дуруст аст ё не”.
Дар як гузориши таҳқиқотии созмони OCCRP — Барномаи таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳоии созмонёфта, ки рӯзи 4 январ нашр шуд, гуфта мешавад, ки хонаводаи Амонуллои Ҳукуматулло дар Чех ва шаҳри Маскав ба маблағи 10,6 миллион доллар хонаву сохтмони маъмурӣ харидааст.
Созмони OCCRP (Organized Crime and Corruption Reporting Project) – дар матлабе дар весбайти худ навишт, ки раиси собиқи ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Амонуллои Ҳукуматулло ва аъзои оилаи ӯ дар Чех ва шаҳри Маскави Русия шаш хонаву сохтмон доранд.
Дар таҳқиқоти муфассали ин созмон гуфта мешавад, ки гӯё ин хонавода барои харидани манзилу сохтмонҳои боҳашамат шурӯъ аз соли 2012 беш аз 10,6 миллион доллар сарф кардааст.
Ба навиштаи муаллифон, ду хонае, ки дар осоишгоҳи Марианске Лазне соли 2012 бо арзиши 500 ҳазор ва 1,1 миллион доллар харидорӣ шудаанд, низ ба ҳамин хонавода тааллуқ дорад. Арзиши чор сохтмон дар Карлови Вари аз 200 ҳазор то 5 миллион доллар баровард шуда гаронтарини онҳо як сохтмони маъмурӣ мебошад.
Ин созмон барои исботи иддаоҳои худ дар бораи вуҷуди амволу дороиаҳои хонаводаи Амонулло Ҳукуматуллои 66 сола дар хориҷи Тоҷикистон, нусхаи қарордодҳои хариду фурӯши амволи ғайриманқули ӯро мунташир кардааст.
Амонуллои Ҳукуматулло дар феврали 2014 пас аз чанд моҷаро аз ҷумла боздошти Рустам, писари бузургш дар Маскав бо 9 кило героин ва мушорикати Расул, писари дуввумаш дар як ҳодисаи ронандагии шабона дар шаҳри Душанбе, ки се кушта бар ҷой гузошт, аз симмати раисии Ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон истеъфо дод.