Январ 09, 2018 14:44 Asia/Dushanbe
  • Як кушта дар паи сангрезӣ дар роҳи Душанбе-Хоруғ

Сангрезӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ як кушта ва чанд маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, як мошини саворӣ шомгоҳи дирӯз аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе дар ҳаракат буд, ки ба сабаби сангрезӣ дар ноҳияи Шамсуддини Шоҳини вилояти Бадахшон дучори ҳодиса шуд.

Ронандаи мошин дар ин сангрезӣ дар дам ҷон бохт ва се нафари дигар низ ҷароҳат бардоштанд.

Бархе манобеъ шумори маҷрӯҳонро чаҳор нафар гузориш кардаанд.  

Маҷрӯҳонро аз зер барф берун оварда ба бемористони ноҳияи Шамсуддини Шоҳини мунтақил карданд.

Аз ду рӯзи пеш то ҳол ҳаракат дар ин шоҳроҳ ба сабаби сангрезӣ қатъ шуда буд, аммо акнун роҳ барои ҳаракати мошинҳои сабук боз аст.

Сангрезӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ идома дорад ва корҳои поксозии роҳ бо назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода идома дорад.

Шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар фасли сармо танҳо роҳест, ки пойтахтро ба маркази вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон васл мекунад.