Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон: 18 январ
Аъзои ҳукумати Тоҷикистон худро барои баргузории ҷаласаи солона, ки гуфта шуда рӯз 18 январ дар пойтахт доир мешавад, омода мекунанд.
Ба иттилои Азия-Плюс, қарор аст, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ, вилоятҳо ва ноҳияҳо назди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи натоиҷи амалкарди ниҳодҳоии таҳт раҳбарии худ дар соли 2017 гузориш диҳанд.
Дар дастури кори ҷаласаи солонаи ҳукумат ҳамчунин мавзуоти муҳиме чун густариши тавлидоти дохилӣ ва рақобатпазир бо колоҳои хориҷӣ, иштиғолзоӣ ва ҷалби сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ гунҷонда шудааст.
Ҷаласаи солонаи ҳукумат яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҷомеа аст ва ҷолиби таваҷҷуҳи мақомот, мардум ва расонаҳо қарор мегирад.
Ҳамвора расм бар ин будааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба дунболи баргузории ҷаласаи солона, ҷо ба ҷоиҳои умдае дар кадри ҳукумат анҷом медиҳад.