Январ 10, 2018 10:57 Asia/Dushanbe
  • Гирифтор шудани дипломатҳои собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон барои дарёфти талабашон аз бонк

Чаҳор корманди собиқи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон эълом кардаанд, ки 2 сол аст наметавонанд маблағҳои ба амонатгузоштаи худро аз “Тоҷиксодиротбонк” пас бигиранд.

Ба гузориши сомонаи “СА-нюс”, Азизи Бориз, яке аз ин 4 дипломати собиқи Афғонистон гуфт, маблағи умумии талаби онон аз “Тоҷиксодиротбонк” 300 ҳазор доллар аст, аммо акнун наметавонанд ин пулро дарёфт кунанд.

Азиз Бориз гуфт, онон аз соли 2008 бахше аз ҳуқуқи худро ба ҳисобҳояшон дар “Тоҷиксодиротбонк” вориз кардаанд, ки дар он замон мақомоти ин маркази молӣ гуфта буданд, имкони бардошти пул дар ҳар замоне вуҷуд дорад.

Вай афзуд, ҳамчунин теъдоде аз ин дипломатҳо бо фурӯши манозили маскунии худ дар Афғонистон, ин маблағҳоро низ дар “Тоҷиксодиротбонк” ба амонат гузошта буданд, аммо акнун бо мушкили дарёфти пулҳояшон рӯбарӯ шудаанд.

Ба гуфтаи ин дипломати собиқи Афғонистон, бо теъдоде аз кормандони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон низ, ки пулҳояшонро дар “Тоҷиксодиротбонк” ба амонат гузошта буданд, тасвияҳисоб (ҳисобу китоб) шудааст.

Яке аз кормандони “Тоҷиксодиротбонк” ба шарти ифшо нашудани номаш бо таъйиди хабари мушкили бозпардохти талаби молии 4 дипломати собиқи Афғонистон гуфт, ба ин афрод пешниҳод шудааст, ки талаби онон ба сурати ақсот (қисмат, бахш-бахш) ва дарчанд марҳала пардохт гардад, аммо ин пешниҳод мавриди пазириши талабкорон қарор нагирифтааст.

Мудирияти “Тоҷиксодиротбонк”, ки 3 сол аст бо буҳрони шадиди молӣ рӯбарӯст, ахиран аз фурӯши бахше аз амволи ин маркази молӣ барои тасвияҳисоб бо муштариёнаш хабар дод.