Январ 10, 2018 15:00 Asia/Dushanbe
  • Музокираи ҳайати қатарӣ бо вазири хориҷаи Тоҷикистон

Ҳайати сиёсӣ- иқтисодии Қатар бо Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон музокироти корӣ анҷом доданд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ин ҳайат шомили теъдоде аз мақомҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла раиси бахши равобити байналмилалии вазорати хориҷа ва мудири иҷроии ширкати энержии “Nebras power” рӯзи гузашта ба Тоҷикистон сафар карда буданд.

Дар ин дидор масоили марбут ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар мавзӯоти мавриди алоқаи ду давлат баҳсу баррасӣ шуд.

Аз ҷумлаи мавзӯоти матраҳ дар ин нишаст - ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, гардишгарӣ ва кишоварзӣ буд.

 Қатар аз ҷумлаи кишварҳои арабии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон аст ва дар ҳоли ҳозир бо сармояи ин кишвар бузургтарин масҷиди Осиёи Миёна дар Душанбе дар дасти сохт аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон то кунун се бор ба Қатар сафар кардааст.