Январ 10, 2018 18:18 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Нишасти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе

Панҷумин Нишасти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба нақл аз Форс, раёсати ҳайъати тоҷикро дар ин нишаст Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва тарафи узбакро Абдуллоҳ Орифов, сарвазири Узбакистон бар уҳда доштанд.

Баррасии ҷанбаҳои муҳим ва дурнмои таомулоти дуҷониба аз ҷумла дар ҳавзаи тиҷорат, иқтисод, энержӣ, арзаи мутақобили маҳсулот ва дигар мавзуоти минтақаӣ дар дастури кори Иҷлоси Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон қарор дошт.

Сарвазири Узбакистон барои ҳузур дар ин нишаст ва дидор бо мақомоти аршади Тоҷикистон дар садри ҳайъате субҳи чаҳоршанбе вориди Душанбе шуд, қарор аст, дар оянда наздик низ раисҷумҳури Узбакистон ба ин кишвар сафар кунад.