Январ 10, 2018 19:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмон бо сарвазири Узбакистон дар Душанбе

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов мулоқот кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо натиҷаҳои кори ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистонро омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат номиданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Орипов масоили муҳими равобити дуҷониба, аз ҷумла масоили вобаста ба рафъи маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, соддагардонии низоми рафтуомади шаҳрвандон, коҳиш додани тарифҳои интиқоли молу маҳсулот, барқарорсозии роҳҳои оҳани мавҷударо бо ҳам дар миён гузоштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими бештари равобит бо Ӯзбекистон шуд ва гуфт, Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи обу энергетика ҳеҷ гоҳ барои давлатҳои минтақа мушкил эҷод накардааст.

Сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов субҳи 10 январ дар раъси як ҳайъати баландпояи ҳукумати кишвараш барои ширкат дар ҷаласаи комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Узбакистону Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.

Ахиран Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон хабар дод, ки сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов барои таҳияи ин созишномаҳо ва омода кардани сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон меравад.

Рӯзи 5 январ Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилояти Тошканд гуфт, аз ҷумла иртиботи роҳи оҳан ва хатҳои интиқоли барқ байни Узбакистону Тоҷикистон барқарор карда хоҳанд шуд.