Январ 11, 2018 12:23 Asia/Dushanbe
  • Қатори азлу насб дар Тоҷикистон ҳамчунон ба пеш меравад

Раисҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои чанд фармон дар бархе аз идороти давлатӣ ва маҳаллии ин кишвар, иқдом ба азлу насб (барканориву бакоргирӣ)-и теъдоде аз масъулон кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси Ожонси давлатии “Тоҷикстандарт”, раиси Донишгоҳи молия ва иқтисод ва раиси ноҳияи Варзоб аз симматҳои худ барканор ва афроди дигаре ҷойгузини онон шуданд.

Ҳамчунин намояндаи Тоҷикистон дар Дафтари ҳамоҳангии мубориза бо ҷинояти созмонёфта дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кормандони дафтари раёсати ҷумҳурӣ, раис ва яке аз додрасҳои Додгоҳи ноҳияи Ёвон низ симмати худро ба афроди дигаре вогузор карданд.

Аз миёни ин интисобҳо метавон ба таъйини Қудрат Давлатзода, раиси пешини Донишгоҳи молия ва иқтисод ба симмати раиси “Тоҷикстандарт” ишора кард.

Дар ноябри соли 2017 раисҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти ҳайати давлат бо интиқод аз камкории масъулони “Тоҷикстандарт” дар назорати ҷиддӣ бар воридоти маҳсулоти бидуни кайфият, аз ҷумла гушти мурғ, иқдом ба барканории раисони ин идора ва созмонҳои ғизо ва дору ва хадамоти домпизишкӣ карда буд.

Интизор меравад, дар ҷаласаи солонаи аъзои давлат, ки 18-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад, раисҷумҳурии Тоҷикистон даст ба ҷобаҷоиҳои асосӣ дар таркиби кадри ҳукумат бизанад.