Январ 13, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Посухи масъулони ширкати барқи Хуҷанд ба шикояти мардум аз афзоиши қиматҳо

Масъулони ширкати барқи Хуҷанд дар посух ба шикояти 500 нафар аз сокинони маркази вилояти Суғд нисбат ба ду баробар шудани қимати барқ дар қабз (барга)-ҳои онон, ин мавзӯро ба афзоиши мизони барқи масрафӣ дар бахши хонагӣ иртибот додаанд.

Ба гузориши “Ахбор”, Рустам Пӯлодов, мудири ширкати тавзеи барқи Хуҷанд дар нишасти хабарие дар шаҳрдории маркази вилояти Суғд гуфтааст, мизони масрафи барқ дар бахши хонагӣ дар моҳи декабри соли 2017 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл панҷ миллион киловатт соат ё 15 дарсад афзоиш ёфта ва қимати он низ ду миллиону 100 ҳазор сомонӣ бештар шудааст.

Вай эҳтимоли вуҷуди нақси фаннӣ дар шуморишгарҳои барқро рад карда ва гуфтааст, ахиран 63 ҳазор дастгоҳ аз ин таҷҳизот дар манозили сокинони шаҳри Хуҷанд насб шудааст ва эҳтимоли иштибоҳи муҳосиботӣ вуҷуд надорад.

Ҳамчунин истифода аз васоили барқии пурмасрафе назири обгармкунҳо ва бухориҳои барқӣ дар фасли сармо муҷиби афзоиши масрафи ин навъ энержӣ мешавад, ки рӯйи қиматҳо таъсир мегузорад.

Бештари муътаризон мегӯянд, дар моҳи ноябри соли 2017 барои як моҳ масраф 180 сомонӣ пардохт кардаанд, вале барои декабри ҳамон сол бар асоси қабзҳои дарёфтӣ бояд 360 сомонӣ пардохт кунанд, ки ин қимат бесобиқа аст.

Дар ҳоле, ки ҳаво дар ду моҳи охири соли 2017 чандон сард набуд ва афзоиши бесобиқаи қимати барқи масрафӣ муштариёнро ғофилгир кардааст.

Масъулони ширкати тавзеи барқи Хуҷанд ваъда додаанд, ба тамоми норизоиятҳои муштариён нисбат ба афзоиши қимат дар қабзҳои барқ расидагӣ хоҳанд кард.