Январ 16, 2018 12:53 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 5 табааи Русия, Тоҷикистон ва Беларус ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир

Сухангуи Вазорати кишвари Русия аз боздошти 5 табааи Русия, Тоҷикистон ва Беларус ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, Ирина Волк гуфт, аз ин афрод 6 кило героин кашф шуда, ки арзиши он 11 миллион рубл аст .

Акнун алайҳи ин афрод ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст ва онон дар боздошт ба сар мебаранд .

Ин афрод дар амалиёти ҷудогонаи нерӯҳои вижаи полиси Русия дар вилояти Челябинск дар маркази ин кишвар ва дар ҳумаи шаҳри Маскав боздошт шудаанд .

Додгоҳи Маскав рӯзҳои поёнии 2017 Шералӣ Табаров, саркардаи тоҷики як гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддирро ба иттиҳоми интиқоли 600 кило героин ба Русия таи солҳои 2012 то 2016 ба ҳабси абад маҳкум кард .

Ҳамчунин барои 14 нафар аз аъзои ин гурӯҳ аз қочоқчиёни маводи мухаддир, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ҳукми 6 то 25 соли маҳкумият ба зиндон содир шуд .

Дар зиндонҳои Русия беш аз 8 ҳазор тоҷик, давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки як сеюми онон ба иттиҳоми мушорикат дар интиқолу фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд .