Январ 17, 2018 10:47 Asia/Dushanbe
  • Иддаои кушта шудани 15 тоҷики узви гурӯҳи Толибон

Фармондеҳи лашкари 209-и артиши Афғонистон, мавсум ба “Шоҳин” аз кушта шудани 15 ҷангҷӯи тоҷикистонии узви гурӯҳи Толибон дар вилояти Бадахшон, дар шимол ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сафҳаи фармондеҳи лашкари 209-и артиши Афғонистон дар шабакаи Фейсбук, мақомҳои ин воҳиди низомӣ муддаӣ шудаанд, дар амалиёти ахири ҳавоӣ дар ноҳияи Ҷурм дар вилояти Бадахшон, як қароргоҳи низомии мутааллиқ ба ҷангҷӯёни тоҷикистонии узви гурӯҳи Толибон ҳадаф қарор гирифт.

Ба гуфтаи онон, бар асари ин амалиёт 15 нафар кушта ва теъдоде захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ин ҳамла дар чорчӯби амалиёти густурдаи артиши Афғонистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф дар вилоятҳои шимолии ин кишвар анҷом шудааст.

Аммо мақомҳои нерӯи марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшон дуртар аз марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистон воқеъ шуда ва кушта шудани ин ҷангҷӯёни тоҷикистонии узви гурӯҳи Толибон дар дасти баррасӣ аст.

Ба иллати вуҷуди табодули иттилоот миёни ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Афғонистон ин гузориш ба фармондеҳии нерӯи марзбонии Тоҷикистон расида ва дар ҳоли ҳозир раванди баррасии сиҳҳати ин хабар оғоз шудааст.

Мақомоти амниятии Афғонистон дар баҳори соли 2015 низ аз кушта шудани ҳафт тоҷикистонии узви гурӯҳи Толибон дар даргирӣ бо нерӯҳои давлатии вилояти Бадахшон дар ноҳияи Ҷурм хабар дода буданд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомҳои вилояти Бадахшони Афғонистон аз таҷаммӯи теъдоди зиёде аз ҷангҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳои узви гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави ин минтақа хабар дода буданд.