Сомонаи “Tajikistantimes.tj” масдуд ва ба фурӯш гузошта шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бидуни ҳеҷ тавзеҳе бо масдуд кардани дастрасӣ ба сайти “Tajikistantimes.tj” ва нашрияи “Тоҷикистон”, фазои интернетии ин сомонаро ба фурӯш гузоштааст.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, кормандони ин нашрия гуфтаанд, аз рӯзи 15-уми январи соли ҷорӣ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо масдуд кардани дастрасӣ ба сайти нашрияҳои “Тоҷикистон” ва “Оила”, фазои интернетии ин сомонаро ба фурӯш гузоштааст.
Ҳамчунин ин хадамот фурӯши сомонаи “Tajikistantimes.tj”-ро дар фазои интернетӣ бо нишонаҳои “Get.tj”, “Ism.tj”, “Nic.tj” эълом кардааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси тавофуқи мудирияти ин сомона бо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳазинаи истифода аз ин фазоҳо то соли 2030 пардохт шуда буд.
Кормандони нашрияи “Тоҷикистон” таъкид кардаанд, талошҳои онон барои тавзеҳ хостан аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон то замони интишори ин хабар бидуни натиҷа будааст.
Ҳарчанд, ки иллати ин иқдоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мушаххас нест, аммо коршиносон эҳтимол медиҳанд ин мавзуъ ба интиқодоти ин сомона алайҳи Бек Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои қатъи чанд канали иртиботӣ, аз ҷумла “NGN” муртабит аст.
Тайи се соли гузашта дар Тоҷикистон сомонаҳо ва хабаргузориҳои “Наҷот”, “Нигоҳ”, “Озодагон” ва инак “Тоҷикистон” масдуд шудаанд.