Январ 17, 2018 11:59 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 16,5 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба водии Зарафшон

Давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ тавофуқномаи ироаи кумаки молии 16,5 миллиондолларии ин ниҳодро барои беҳинасозии шабакаҳои обёрии заминҳои кишоварзии водии Зарафшон дар шимоли ин кишвар имзо карданд.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, Ҳидоят Бишчевич, раиси дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар маросими имзои ин тавофуқнома гуфтааст, ҳадаф аз ин тарҳ беҳбуди кайфияти шабакаҳои обёрии заминҳои кишоварзӣ ва тавлиди бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоии сокинони ин минтақа аст.

Дар ҳоли ҳозир аз 40 дарсад аз заминҳои кишоварзии водии Зарафшон ба иллати кӯҳна ва фарсудагии таҷҳизоти обёрӣ маҳсулоти каме бардошт мешавад, ки посухгӯи ниёзи физояндаи мардуми шимоли Тоҷикистон ба маводи ғизоӣ нест.

 Ба ин манзур ва барои афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ бояд тамоми насосҳои обкаш таъвиз, каналҳои обёрӣ лойрӯбӣ ва хутути интиқоли барқ тармим ва бозсозӣ шавад.

Ян Питер Уолтерс, раиси дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, иҷрои ин тарҳ метавонад муҷиби афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва корофаринӣ барои сокинони водии Зарафшон ва низ коҳиши мизони фақр шавад.

Вай таъкид кардааст, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 19 тарҳ бо кумаки молии 615 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоли амалӣ шудан қарор дорад.