Баёнияи Вазорати дохилии Тоҷикистон дар бораи марги афсари БДА
(last modified Wed, 17 Jan 2018 07:28:08 GMT )
Январ 17, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати дохилии Тоҷикистон дар бораи марги афсари БДА

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо интишори баёнияе ба ташреҳи чигунагии марги як афсари роҳнамоӣ ва ронандагӣ пардохтааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар ин баёния омадааст, соати 20-и рӯзи 15-уми январ Камолиддин Ҳукуматзода, афсари бахши роҳнамоӣ ва ронандагӣ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе ҳангоми анҷоми вазифа тавассути ронандаи як мошини “Опел Астра” зери чарх гирифта шуд ва ҷон бохт.

Дар ин баёния аз ронандаи хилофкор ном бурда нашудааст. Аммо дигар манобеи хабарӣ номи вайро Отабек Ашӯров эълом кардаанд.

Баёнияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон меафзояд, ронандаи худрав дар ҳолати мастӣ ва номутаодилӣ қарор дошта, ки баъдан боздошт шудааст.

Камолиддин Ҳукуматзода, мутаваллиди соли 1985 дар ноҳияи Файзобод, аз соли 2013 ба хидмат дар Вазорати дохила машғул буд.