Январ 17, 2018 14:38 Asia/Dushanbe
  • Гузориши амрикоӣ:Тоҷикистон дар рӯйхати давлатҳои худкома ва ноозод

Як созмони амрикоӣ дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро дар радифи 24 кишваре қарор додааст, ки дар 10 соли гузашта беш аз дигар кишварҳо аз масири демократия ва риояти озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ хориҷ шудааст.

Созмони амрикоии Freedom House рӯзи 16-уми январ гузориши солонааш бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон-2018"-ро мунташир кард, ки бар асоси он Тоҷикистон имсол низ кишваре ноозод ном гирифтааст.

Freedom House Тибқи ҷадвали ҳафт имтиёзиаш ба озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон имтиёзи 7 ва ба озодиҳои шаҳрвандӣ имтиёзи 6 дода ва баҳои миёнаи ин кишварро 6.5 имтиёз ҳисоб кардааст.

Муҳосиботи ин гузориш ба гунаест, ки баландтарин сатҳи он 1 ва пойинтарин сатҳи он 7 аст, бино барин Тоҷикистон аз нигоҳи озодиҳои сиёсӣ пойинтарин сатҳро дорост.

Freedom House Дар бораи озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Тоҷикистон бештар аз ин иттилооте надода, вале эълом кардааст гузориши муфассалеро дар бораи ин кишвар ба зудӣ мунташир мекунад.

Дар ин гузориш дар маҷмуъ 45 дарсади кишварҳои дунё озод, 30 дарсад дорои озодии нисбӣ ва 25 дарсади дигар ҳам худкома унвон шудаанд.

Ҳамчунин ба назари коршиносони Freedom House дар ҳоли ҳозир дар маҷмуъ 30 дарсади мардуми ҷаҳон дар давлатҳои озод, 24 дарсад дар давлатҳои нисбатан озод ва 37 дарсад дар кишварҳои худкома ба сар мебаранд.