Январ 18, 2018 12:17 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тамоми гузаргоҳҳои марзиро бозкушоӣ мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бозкушоии тамоми 16 гузаргоҳи марзӣ байни ин ду кишварро дар дастури кор қарор додаанд.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар нишасти ахири комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар шаҳри Душанбе ҷонибҳо бар сари бозкушоии тамоми 16 гузаргоҳи марзӣ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя ба тавофуқ расиданд.

Бар асоси созишномаи байнидавлатӣ дар бораи фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ки дар соли 2002 ба имзо расида буд, 16 гузаргоҳи марзӣ фаъолият мекард, ки 9 гузаргоҳ дорои мақоми байналмилалӣ ва 7 гузаргоҳи дуҷониба буд, аммо дар замони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов дар Ӯзбакистон ба ғайр аз ду гузаргоҳи марзӣ, яъне “Фотеҳобод” дар вилояти Суғд, дар шимол ва “Дӯстӣ” дар ғарби шаҳри Турсунзода, дигар гузаргоҳҳо баста шуда буд.

Аммо акнун мақомоти ду кишвар эълом кардаанд, ки дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар айёми наврӯзи имсол тамоми 16 гузаргоҳи марзӣ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя дубора фаъол хоҳад шуд.

Яке аз ин гузаргоҳҳои муҳим дар водии Зарафшон, миёни шаҳрҳои Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбакистон воқеъ шудааст, ки баҳори имсол, пас аз 8 соли баста шудан дубора бозкушоӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин бар сари лағви раводид (виза)-и сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба кишварҳои якдигар, ки аз соли 2000-ум ҷорӣ шуда буд, тавофуқ ҳосил шудааст.