Истиқболи Тоҷикистон аз мушорикати Чин дар проектҳои иқтисодии ин кишвар
(last modified Thu, 18 Jan 2018 07:52:05 GMT )
Январ 18, 2018 12:52 Asia/Dushanbe
  •  Истиқболи Тоҷикистон аз мушорикати Чин дар проектҳои иқтисодии ин кишвар

Тоҷикистон аз мушорикати густурдаи Чин дар иҷрои проектҳои иқтисодии ин кишвар истиқбол мекунад.

Ба гузориши маркази матбуотии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Шариф Саид, раиси ин палата дар ҷараёни дидор бо Сиван Ян, мушовири тиҷорӣ ва иқтисодии Сафорати Чин густариши равобит миёни маҳофили тиҷории Тоҷикистон ва Чинро хостор шуд.

Дар ин дидор тарафҳо бо ибрози ризоият аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти чинӣ, ки аз 18 то 20-уми декабри 2017 дар шаҳри Душанбе бо мушорикати беш аз сад намояндагони касбу кори Тоҷикистон ва Чин таъкид карданд, ин намоишгоҳ фурсатҳои ҷадидеро барои иртиботи мустақим ва равобит байни маҳофили тиҷории Тоҷикистон ва Чин ва намояндагони содиркунандагону воридкунандагон аз ду кишвар эҷод кард.

Шариф Саид бо ишора ба ин ки Тоҷикистон ба мушорикати маҳофили тиҷории чинӣ дар проектҳои иқтисодӣ алоқаманд аст, афзуд: “Мо омодаем, ки сармоягузорони чинӣ дар иҷрои проектҳои дорои авлавият барои Тоҷикистон, монанди бахшҳои барқӣ- обӣ, маъдан, санъат, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, сохтусоз, тиҷорат, бонкдорӣ ва ҳамчунин дар заминаи беҳдошт ва дармон, санъати дорусозӣ, омӯзиш ва парвариш ва гардишгарӣ мушорикати фаъол дошта бошанд”.

Сиван Ян бо эъломи омодагӣ барои кумак ба рушди ҳамкорӣ миёни маҳофили тиҷории ду кишвар гуфт, мушорикати Тоҷикистон дар “Намоишгоҳи байналмилалии воридоти Чин” дар ноябри соли 2018 дар Шангхай, як фурсати мунҳасир ба фардро дар ихтиёри корофаринони тоҷик барои ироаи маҳсулоти худ қарор хоҳад дод ва дар натиҷа зарфияти содироти онҳо афзоиш хоҳад ёфт.

 Дар поёни ин дидор раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки мушорикати ҷомеаи касбу кор ва маҳофили тиҷории Тоҷикистон дар намоишгоҳи Шангхай бахше аз иҷрои барномаи давлатии Тоҷикистон барои тарвиҷи содирот ва ҷойгузинии воридот дар солҳои 2016-2020 аст, гуфт, барои осонсозии ҳузури намояндагони кишвараш дар ин намоишгоҳ талош хоҳад кард.