Январ 19, 2018 20:32 Asia/Dushanbe
  • Имзои дафтари ёдбуди ҷонбохтагони ҳодисаи нафткаши «Сончи» дар Тоҷикистон

Мақомоту шахсиятҳои сиёсию фарҳангии тоҷик ва ҳамчунин сафирону дипломатҳои муқими Душанбе дафтари ёдбуди ҷонбохтагони ҳодисаи нафткаши «Сончи»-ро имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа ба манзури адои эҳтиром ба ҷонбохтагони нафткаши «Сончи» дафтари ёдбудеро боз кард. Дар нахустин рӯзи ифтитоҳи ин дафтар муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва соири шахсиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии ин кишвар ба манзури арзи таслият ва ибрози ҳамдардӣ дар маҳалли сафорат ҳузур ёфтанд. Ҳамчунин сафирони Покистон, Русия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Шимолӣ, Бритониё, Олмон, Озарбойҷон ва мақомоти намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе низ бо ҳузур дар сафорати Эрон ин ҳодисаи ғамангезро аз тарафи худ ва давлатҳояшон ба сафир давлату миллати Эрон таслият гуфтанд ва дар дафтари ёдбуд имзо карданд.

Шашуми январ бар асари бархӯрди киштии чинии ҳомили гандум бо нафткаши эронӣ дар соҳили Шонгҳой тамоми баҳрнавардони эронӣ ҳамроҳи ду шаҳрванди Бангладеш бар асари оташсӯзӣ ва ғарқ шудани нафткаш ҷон бохтанд.