Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 20 Jan 2018 05:32:00 GMT )
Январ 20, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Ба дастури раисҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кадрҳои вазоратии ин кишвар дастхуши тағйироте шуд.

Дар қолаби ин тағйирот ва таъйину барканориҳо, Файзиддин Қаҳҳорзода ҷойгузини Абдусаломи Қурбониён дар мақоми вазири молияи Тоҷикистон шуд.

Қаҳҳорзода пеш аз ин муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд.

Акнун мақоми қаблии ӯро Фаррух Ҳамрализода гирифта, ки қабл аз ин дар мақоми раиси Палатаи ҳисоб фаъолият мекард.

Аммо аз дигар тағйироти қобили таваҷҷуҳ, барканории Абдуфаттоҳи Ғоиб аз масъулияти раёсати Кумитаи гумруки Тоҷикистон ва таъйини Хуршед Каримзода ба ин симмат аст.

Гуфта мешавад, Абдусаломи Қурбониён ва Абдуфаттоҳи Ғоиб дар чанд маврид ба иллати костӣ ва нуқс дар ниҳоди таҳти мудирияташон мавриди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта буданд.