Январ 20, 2018 11:41 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 22 дарсадии содироти алюминиюм дар Тоҷикистон дар соли 2017

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз коҳиши содироти маҳсулоти ширкати алюминиюми ин кишвар дар соли гузашта хабар дод.

Ба гузориши сайти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тайи соли 2017, 103 ҳазор тон олюминиюм ба хориҷ аз кишвар содир шуд, ки дар муқоиса бо соли 2016 наздик ба 22 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Арзиши молии ин маҳсулоти содиршуда 203 миллион доллар эълом шудааст, ки қимати ҳар тон аз ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ як ҳазору 970 доллар аст.

Яке аз илали коҳиши тавлиди алюминиюм дар Тоҷикистон садамаи ворида дар пайи қатъи барқ дар шаби 28-уми октябри соли 2016 унвон мешавад, ки муҷиби аз кор афтодани 40 деги маводи аввалияи алюминиюм шуд.

Масъулони иқтисодии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, барои таъвизи ин 40 деги маводи аввалия дар корхонаи алюминиюми ин кишвар ба ҳашт миллион доллар сармоя ниёз аст.

Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон аз зарфияти тавлидии 500 ҳазор тон маҳсулот дар сол бархурдор аст, ки дар солҳои ахир ба далоили мухталиф танҳо қодир ба тавлиди беш аз 100 ҳазор тон алюминиюм будааст.

Қатъи гази содиротии Ӯзбакистон, коҳиши қимати алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ ва камбуди маводи аввалия, ҳамроҳ бо қарзҳои физояндаи барқи масрафӣ муҷиби коҳиши тавлиди маҳсулот дар ин корхона шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қимати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ дар ин корхона нисбат ба бахши хонагӣ беш аз 10 дарсад арзонтар аст.