Коршинос: Вазири молияи барканоршудаи Тоҷикистон шоистагии ин симматро надошт
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, вазири молияи барканоршудаи ин кишвар шоистагии фаъолият дар ин симматро надошт.
Ба гузориши “Спутник”, Шокирҷон Ҳакимов бо ишора ба барканории Абдусаломи Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон дар пайи нишасти ахири ҳайати давлати ин кишвар, ки ба баррасии натоиҷи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2017 ихтисос дошт, гуфт, вай аз назари тахассус шоистагии фаъолият дар ин симматро надошт. Зеро вазири молияи барканоршудаи Тоҷикистон дар риштаи муҳандиси сохтмонсозӣ омӯзиш дида ва тамоми фаъолияташ то интисоб ба ин симмат низ дар бахши сохтусоз будааст. Ба ин далел, вай дар умури молия мутахассис набуд ва наметавонист дар ин бахш фаъолияти матлубе дошта бошад.
Абдусаломи Қурбониён аз соли 2013 дар симмати вазири молияи Тоҷикистон фаъолият дошт, ки ахиран бо ҳукми Эмомалӣ Раҳмон аз ин симмат барканор ва Файзиддин Қаҳҳорзода ҷойгузини вай шуд.
Раисҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти ҳайати давлат дар соли гузаштаи 2017 аз Абдусаломи Қурбониён ба далели ихтисоси 173 миллион сомонӣ ба ширкати сӯхтрасони “Умед -88”, ки акнун панҷ нафар аз мудирон ва масъулони он дар боздошт ба сар мебаранд, ба шиддат интиқод карда буд.
Ширкатҳои хусусӣ дар Тоҷикистон бидуни муҷаввизи Вазорат молия ҳаққи дарёфти вом аз буҷаи давлатро надоранд.