Ҳузури Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Бозори шарқӣ” дар Маскав
Маҳсулоти тавлидшуда дар Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Бозори шарқӣ” дар Маскав арза мешавад.
Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Бозори шарқӣ” дар Маскав, пойтахти Русия колоҳои тавлидии кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон барои намоиш ва фурӯш арза шудааст.
Дар ин рӯйдоди байналмилалӣ намояндагони кишвари Тоҷикистон ширкати “Etnos Borld” бо маҳсулоти мухталиф, бо кайфияти боло, аз ҷумла санг ва маҷмӯае аз 20 навъ аз кордҳои нодир бо номи тиҷории “Буто”, ҳамчунин фурӯшгоҳи “Ҳадяҳои ҷолиб” аз шаҳри Душанбе бо маҳсулоти мухталиф, аз порчае атлас ва зеваролоти миллии тоҷикӣ ҳастанд.
Маҳсулоти ироашудаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Бозори шарқӣ” дар сатҳи боло ва ҳирфаӣ тавлид шудаанд ва дар кайфияту сабки хайётӣ мутафовит ҳастанд.
Баргузоркунандагони ин намоишгоҳ бо кумаки Сафорати Тоҷикистон дар Маскав тамоми шароит барои ироа ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро эҷод кардаанд.
Сокинони Маскав ва дигар боздидкунандагони намоишгоҳи “Бозори шарқӣ” метавонанд бо саноеи дастии миллии кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон ошно шаванд ва ҳамчунин маҳсулоти мавриди алоқаи худро харидорӣ кунанд.
Ин намоишгоҳ, ки аз 15-уми январ оғоз ба кор кардааст, то 21 –уми январи соли 2018 барпо хоҳад буд.
Дар солҳои ахир давлати Тоҷикистон ба рушд ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти вижа медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба маҷлиси ин кишвар соли 2018-ро Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом кард.
Ҳузури ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Маскав низ дар ин росто анҷом мешавад.