Боздиди дипломатҳои тоҷик аз шаҳраки санъатии Анкара
Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия аз шаҳраки санъатии “Иведик” дар шаҳри Анкара, пойтахти Туркия боздид карданд.
Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, боздиди намояндагони Сафорати Тоҷикистон аз ин шаҳраки санъатӣ ба манзури ошноии бештар бо таҷрибиёти шаҳрҳои санъатӣ дар кишвари мизбон сурат гирифт.
Дар чорчӯби ин барнома Муҳаммадалии Раҷабиён, сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Ҳасан Гултекин, раиси шаҳраки санъатии “Иведик” дидор кард.
Дар ин дидор дар мавриди оғози ҳамкориҳо байни манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ва шаҳраки санъатии “Иведик” ва ҳамчунин эҷоди заминаҳои сармоягузории муштарак барои соҳибкорони ду кишвар баҳсу баррасӣ шуд.
Ду тараф бо ишора ба аҳамияти сафари мутақобили корофаринони ду кишвар барои ошноии бештар бо таҷрибаи фаъолиятҳои ҳар ду тараф ва ҳамчунин имкони эҷоди ҳамкорӣ, мутолеаи беҳтарин шеваҳо, сармоягузории муштарак, муаррифии фанновариҳои ҷадид ва афзоиши тиҷорат байни Тоҷикистон ва Туркия таъкид карданд.
Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия низ бо фаъолиятҳои ширкатҳои хусусӣ, аз ҷумла корхонаи нассоҷӣ ва корхонаи алюминиюми шаҳраки санъатии “Иведик” ошно шуданд.
Шаҳраки санъатии “Иведик” бузургтарин парки санъатӣ дар Анкара аст, ки зарфияти тавлидии он шаш миллиард доллар дар сол аст.